826просмотров
15 мая 2025 г.
Score: 909
عَن ابنِ عَبَّاسٍ -رضي الله عنهما- أَنَّ رَسُولَ اللهِ ﷺ قَال: لَا يَخلُوَنَّ أَحَدُكُم بِامرَأَةٍ إلَّا مَعَ ذِي مَحرَمٍ. متفق عليه Аз Ибн Аббас, Аллоҳ аз у рози бод ривоят аст ки, расули Аллоҳ ﷺ гуфт:
«Яке аз шумо бо зани номаҳрам якҷо нашавад магар, ки ҳамроҳ маҳрамаш бошад (хешованди наздик)». [Бухори ва Муслим] Баъзе фоидаҳои аз ин ҳадис: 1. Дар ҳадис қатъан манъ шудааст якҷо шудани мард дар тоқаги бо зани номаҳрам. 2. Дар ин ҳуҷҷат аст ба комил будани шариат, ки дарҳои ба сӯи бади барандро мебанданд, ва ин асли бузурги шариат аст. 3. Шариат шаъну шарафи одамонро ҳифз мекунад, чи мард бошад ва чи зан, амр карда дури ва канор ҷустан аз ҳамаи, чизе, ки оқибаташ ба бадӣ омада мерасад. 4. Чигунае, ки дар номаҳо ривоят шудааст, агар мард ва зан якҷоя шаванд, пас сеюмашон шайтон мешавад. 5. Дар ин далил аст барои манъ будани расидани зани но маҳрам ва ба ин монанд ҳодисаҳо, ҳоло дар бораи зино гап накушода, зеро агар, ки якҷояшавӣ қатъиян манъ шуда бошад, пас амалҳо дигаре, ки аз ин дида бадтаранд, қатъан қатъиян манъ ҳастанд (ҳароманд).