175просмотров
67.0%от подписчиков
16 марта 2026 г.
Score: 193
Девонаву дилбастаи иқболи худат бош,
Саргарми худат, ошиқи аҳволи худат бош.
Як лаҳза нахӯр ҳасрати онро, ки надорӣ,
Розӣ ба ҳамин чанд қалам моли худат бош.
Дунболи касе бош, ки дунболи ту бошад,
Ин гуна агар нест, ба дунболи худат бош.
Парвоз қашанг аст, вале бе ғаму миннат,
Миннат накаш аз ғайру пару боли худат бош.
Сад сол агар зинда бимонӣ, гузаронӣ,
Пас шокири ҳар лаҳзаву ҳар соли худат бош. –Аллома Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ #тоҷикӣ