I
IR Academy 📢
@iracademy_tj206 подп.
319просмотров
29 мая 2025 г.
📷 ФотоScore: 351
📣Салом дӯстон, қабули дархост барои иштирок дар лоиҳаи “Ҷавонон барои рушди устувор” - ро оғоз намудем! Дар ин лоиҳа ҷавонон аз водии Зарафшон (Куҳистони Мастчоҳ, Панҷакент ё аз Айнӣ), ноҳияҳои Ҷаббор Расулов, Спитамен, Деваштич, инчунин Шаҳристон ва шаҳри Исфара иштирок карда метавонанд. 🔎Лоиҳаи "Ҷавонон барои Рушди Устувор" аз ҷониби Ташкилоти ҷамъиятии "Ибтидо" роҳандозӣ гардида, мақсади он: ✅Мусоидат ба ҷалби ҷавонон барои иштирок дар раванди қабули қарорҳо дар шимоли Тоҷикистон. ✅Мусоидат ба иштироки шаҳрвандон дар худидоракунии маҳаллӣ дар шимоли Тоҷикистон. ‼️Дар доираи лоиҳаи мазкур бо ҷавонон вохӯриҳо, мактаби омӯзишӣ ва Ibtido MeetUp гузаронида мешавад. ‼️Инчунин барои ҷавонони фаъол барои амалигардонии ташаббусҳои худ грантҳои хурд дода мешавад. Кормандону менторони Ташкилоти ҷамъиятии "Ибтидо" барои такмили лоиҳаҳои ҷавонон ва амалигардонии онҳо кӯмак мерасонад. ‼️Иштирокчиён пас аз амалигардонии лоиҳаҳо, таҷрибаҳои худро дар вақти иштирок дар Ibtido MeetUp мубодила мекунанд, оид ба бурду бохти лоиҳаҳо мегӯянд ва пешниҳодҳояшонро изҳор мекунанд. ⚠️Мӯҳлати охирон барои қабули дархост: 5-уми июни соли 2025 Link to apply
319
просмотров
1156
символов
Нет
эмодзи
Да
медиа

Другие посты @iracademy_tj

Все посты канала →
📣Салом дӯстон, қабули дархост барои иштирок дар лоиҳаи “Ҷав — @iracademy_tj | PostSniper