420просмотров
43.2%от подписчиков
24 марта 2026 г.
📷 ФотоScore: 462
Миёни ду хирадманд сухани ишқ мерафт.
Яке гуфт:
—Хосияти ишқ ҳама балову ранҷ аст ва ошиқ ҳама вақт меҳнаткашу балосанҷ.
Дигаре гуфт:
Хомӯш бош! Ҳамоно, ки ту ҳаргиз оштии пас аз ҷанг надидаӣ ва чошнии¹ висоли баъд аз фироқ начашидаӣ! Ҳеч кас дар олам аз софдилони ишқпеша латифтар нест ва аз гаронҷонони дур аз ин андеша касифтар² не.
Қитъа
Партави шоҳиди ишқ аст ҷамоли дили мард, Кай кунад майли ҷамол он ки ба дил нест ҷамил³? Гар аз ин қоида ҳуҷҷат талабад нодоне, Ҳуччатам бас бувад: «Алҷинсу илал чинса ямил⁴». https://t.me/charoghi_marifat