576просмотров
22.1%от подписчиков
28 марта 2026 г.
📷 ФотоScore: 634
#РӯзДарТаърих 74 сол пеш Алфредо Ди Стефано бори аввал дар «Сантяго Бернабеу» бозӣ кард. «Мадрид» 50-солагии таъсисёбиашро ҷашн гирифт ва ду бозии дӯстона бо «Милйонариос» - 28 ва 30 март баргузор кард. Ди Стефано мухлисони варзишгоҳ ва роҳбарияти «Мадрид»-ро бо бозии аҷоибаш мафтун сохт (дар бозии дуюм ӯ дубл кард). Гуфта мешавад, ки пас аз бозии аввал Сантяго Бернабеу ба ёрдамчиёнаш чунин гуфт: — Ин писар бояд барои клуби ман бозӣ кунад.